Файзалӣ Идизода бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуд

Файзалӣ Идизода бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони

ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот изҳор гардид, ки Маҷлиси намояндагон ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо парламентҳои хориҷии 69 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Қафқоз гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис додааст. Бо мақсади таҳкими дипломатияи парламентӣ, дар сатҳи баланд нигоҳ доштани муносибатҳо, ташаккули устувори муносибатҳои байнипарламентӣ 25 апрели соли 2025 гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ бо Парламенти Гурҷистон таъсис дода шудааст.

Файзалӣ Идизода таъкид намуд, ки фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ минбаъд тақвият ёфта, мубодилаи доимии таҷрибаи қонунгузорӣ бо сохторҳои дахлдори парламенти Гурҷистон вусъат меёбад. Табодули таҷрибаи вакилони ҳар ду мамлакат ба нафъи пешрафти робитаҳои тарафҳо буда, барои расидан ба ҳадафҳои рушд ва коркарди самтҳои наву ояндадори ҳамкори мо мусоидат менамояд.

Тавсеаи ҳамкории фароаврупоӣ ва фароосиёии байнипарламентӣ дар доираи дигар ташкилотҳои байнипарламентӣ монанди Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо муҳим арзёбӣ гардид.

Изҳори бовар карда шуд, ки мулоқоти имрӯза низ ба рушди робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар сатҳи нав мусоидат хоҳад кард.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читайте также