Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор тақвият дода мешавад. Тавре дар суҳбат бо

ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор тақвият дода мешавад.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон Изатулло Хоҷазода иброз дошт, бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво, махсусан дар моҳҳои июл ва август хавфи баланд гардидани сатҳи об дар дарёҳо ба вуҷуд меояд. Барои аз байн бурдани ин хатар, бо мақсади пешгирӣ намудан аз сел, осеб надидани аҳолӣ аз он ва нигоҳдории иншооти хоҷагии халқ дар минтақаҳои муайянгардидаи дарё саддҳои муҳофизатӣ сохта мешаванд.

Гуфта шуд, ки то 12 июн дар ноҳияи Панҷ дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии Ҳалқаёр ба дарозии 102 метр, дар мавзеи Муҳоҷиробод 300 метр, дар ноҳияи Фархор дар мавзеи Лесхоз 200 метр, мавзеи Марғзор 240 метр, дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар мавзеи Деҳқонобод ба масофаи 4000 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо истифода аз тахтасангҳои бетонӣ, арматура ва дигар маводҳои лозима ба анҷом расонида шудаанд.

Дар рафти кор таҷҳизоту техника самаранок истифода бурда шуда, ҳолати кории доимии онҳо таъмин карда шудааст. Дар идомаи суҳбат сардори иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб Нуралӣ Муминов изҳор дошт, ки дар минтақа барои пешбурди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, техника ва механизмҳои зарурӣ сафарбар карда шуда, кор бомаром идома дорад. Вазъи баландшавии маҷрои дарё дар назорати сохторҳои масъул қарор дошта, чораҳои саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Читайте также