Новости Таджикистана и Центральной Азии Наш канал в MAX

Дар фасли тобистон чӣ гуна ташнагиро бе зарар расондан ба саломатӣ рафъ созем?

Дар  фасли тобистон чӣ гуна ташнагиро бе зарар расондан ба саломатӣ рафъ созем?

ДУШАНБЕ, 20.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Баробари фаро расидани фасли тобистон ва баланд шудани ҳарорати ҳаво талабот ба оби ошомиданӣ бештар мегардад. На ҳама обе, ки дар кӯчаю мағозаҳо фурӯхта мешаванд, фоидабахшанд.

ДУШАНБЕ, 20.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Баробари фаро расидани фасли тобистон ва баланд шудани ҳарорати ҳаво талабот ба оби ошомиданӣ бештар мегардад. На ҳама обе, ки дар кӯчаю мағозаҳо фурӯхта мешаванд, фоидабахшанд. Табибон нӯшокиҳои рангдору газдорро дар баъзе маврид барои саломатии инсонҳо зараровар меҳисобанд. Маҳлул ва қанде, ки дар таркиби ин нӯшокиҳо мавҷуд аст, кори ғадуди зери меъдаро халалдор намуда, ба бемории диабети қанд оварда мерасонанд. Ин моддаҳо дандонро низ сиёҳ мекунанд ва эмали онро мерезонанд. Пас, барои рафъи ташнагӣ чӣ гуна обро бояд истифода барем?

-Интихоби оби безарар ва риояи қоидаҳои истеъмоли он имкон медиҳад саломатӣ муътадил нигоҳ дошта шавад. Табибон, пеш аз ҳама нӯшидани оби чашмаро тавсия медиҳанд. Ҳамчунин, онҳо пешниҳод менамоянд, ки бонувон аз меваҷоти тару тозаи маҳаллӣ шарбату нӯшоба омода намоянд. Ин гуна шарбату нӯшобаҳо безарар буда, барои саломатии инсон манфиат доранд. Хусусан барои организми кӯдакону наврасон нӯшидани шарбату нӯшобаҳои мевагӣ фоида дорад.

Ҳоло, ки дар бозорҳои мамлакат меваҳо фаровон гаштаанд, дар ҳар хонавода метавонанд аз олуча, гелос, зардолу, шафтолу, қулфинай, хуч ва себ нӯшоба тайёр намуда, ташнагӣ шикананд. Ин нӯшобаҳо на танҳо ташнагиро мешикананд, балки барои пешгирии бисёр бемориҳо кумак мерасонанд. Ҳатто дар ин фасл барои зарар нарасонидан ба саломатӣ метавон аз меваҳои хушки захирашуда нӯшоба омода намуд.

Мутахассисон дар ин маврид нӯшидани дӯғобро, ки дар байни мардум бо номи «чолоб» маъмул аст, бештар тавсия медиҳанд. Дӯғоб нӯшокии миллӣ буда, аз чакка ва дигар сабзавоту гиёҳҳои шифобахш омода карда мешавад. Нӯшидани дӯғоб дар фасли гармо неруро дар бадан барқарор мекунад. Инчунин барои нафароне, ки дар ин фасл майли истеъмоли таом надорад, дӯғоб хело муфид аст, зеро он иштиҳоовар буда, меъдаро нарм ва раванди ҳазмро осон намуда, кори рӯдаро беҳтар мекунанд.

Дӯғоб аз чакка, об, намак, бодиринг, помидор, қаламфур, ҷаъфарӣ, шибит, пӯдина, райҳон ва дигар кабудиҳо омода мешавад. Помидору бодирингро дар шакли чоркунҷа ва қаламфури булғорию дар шакли дарозрӯя майда реза мекунанд. Чаккаро дар зарфи алоҳида гирифта, бо иловаи об онро лат мезананд. Сипас чаккаи моеъро ба зарфи сабзавоти резакардашударо омехта карда, мувофиқи хоҳиш бо кабудӣ оро дода, қаланфур ё мурч ҳамроҳ мекунанд. Ҳамчунин ба чаккаи обкардашуда кабудиҳои хушккардашураро ҳамроҳ карда, истеъмол мекунанд. Дӯғобро ҳамеша дар яхдон нигоҳ медоранд ва ҳолати сардшуда менӯшанд.

Дӯғоб барои рӯдаҳо хеле муфид аст. Он дар ҳоли қабзият ё мушкилиҳои меъда метавонад кумак кунад. Дар таркиби он витаминҳои B ва C низ мавҷуд аст, ки барои масуният муҳиманд. Ба тавсияи табибон, дӯғобро барои он дар фасли тобистон нӯшиданаш маъмул ва фоидаовар аст, ки дар рӯзҳои гармӣ ё баъди машқҳои ҷисмонӣ дӯғоб оби бадан ва неруро барқарор мекунад. Намак ва моеъи он аз беҳтарин тарзҳои барқарорсозии нерӯ дар гармо аст.

Табибони бемориҳои дил тавсия медиҳанд, ки нафароне, ки дар рӯзҳои ҳарорати баланди тобистон фишорашон баланд мешаванд, дӯғоб истеъмол намоянд. Зеро дӯғоб ба паст кардани фишори хун ва холестерин кумак мекунад. Инчунин дар баъзе тадқиқотҳо дӯғоб барои коҳиши хатари бемориҳои дил низ муфид мебошад. Ин нӯшоба дар таркиби худ калорияи кам дорад, вале барои касоне, ки парҳез мекунанд, муфид аст.

Яке аз хусусияти хоси дӯғоб дар фасли тобистон ин ҳарарорати баданро дар рӯзҳои гармо паст мекунад. Нафароне, ки аз таъсири офтоб ба бемори гармозадагӣ гирифтор мешаванд, нӯшидани дуғоб тавсия дода мешавад. Инчунин нафароне, ки аз таъсири ҳарорати баланди ҳаво сарчарзанӣ ва беҳолӣ дар худ мушоҳида намояд, бояд дӯғоб нӯшанд. Зеро он бо намак ва оби худ метавонад ин ҳолатҳоро пешгирӣ кунад.