Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Шота Руставелии шаҳри Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри
ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Шота Руставелии шаҳри Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ намояндагони расмии ду давлат, аз ҷумла аъзои ҳайати давлатии Гурҷистон таҳти роҳбарии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, адибон, донишмандон ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.
Насби нимпайкараи Шота Руставелӣ рамзи таҳкими равобити дӯстона, фарҳангӣ ва таърихии байни ду халқи дӯст маҳсуб меёбад. Шота Руставелӣ, муаллифи достони ҷовидони «Паҳлавони пӯсти палангпӯш» дар адабиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар адабиёти тоҷик мақоми баланд дорад.
Асарҳои ӯ ба забонҳои гуногун, аз ҷумла, тоҷикӣ тарҷума шуда, мавриди мутолиаи хонандагон қарор дорад.Дар асар муаллиф ғояҳои баланди ахлоқӣ, баробарӣ, инсондӯстӣ ва ваҳдати халқҳои гуногунро тарғиб мекунад. Достон дорои фалсафаи амиқ буда, дар саросари ҷаҳон, инчунин дар фарҳанги тоҷик мавқеи хос дошта, тарҷумаи тоҷикии он бо ҳамкории шоирони маъруф анҷом дода шудааст.
Ин иқдом маротибаи дигар нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ва Гурҷистон ба рушди ҳамкории фарҳангӣ аҳамияти хосса медиҳанд ва ба ҳифзу арҷгузорӣ ба мероси адабии якдигар пайваста талош менамоянд.
Читайте также
- Генерал Талаи-Ник: Иран дискредитировал высокомерные державы
- Вступительные испытания в российский вуз пройдут в Таджикистане
- На заседании второй сессии Маджлиси намояндагон одобрено инвестиционное соглашение
- Таджикистан вернул 380 женщин и детей из зон конфликта на Ближнем Востоке
- В аэропорту Душанбе изъяли поддельные автомобильные номера
- В Душанбе стартовал международный учебный курс МАГАТЭ по ядерной безопасности