Дар Бишкек масъалаи татбиқи лоиҳаи Хати лӯлаи гази транзитии «Осиёи Марказӣ – Чин» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи энергетика дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини
ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи энергетика дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини директори Идораи давлатӣ оид ба корҳои энергетикии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Хункун дар шаҳри Бишкек баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мулоқот дар ҳошияи Вохӯрии 6-уми вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Қирғизистон доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба таҳкими муносибатҳо дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва табодули таҷрибаи мутахассисон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ҳамзамон мусоҳибон вобаста ба вазъи кунунии татбиқи лоиҳаи Хати лӯлаи гази транзитии «Осиёи Марказӣ – Чин» (хати «Д») мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Упомянуты
Читайте также
- Таджикистан предлагает расширить авиасообщение со странами СНГ
- В школах Таджикистана насчитывается более миллиона учебников на узбекском языке
- В Восейском районе введены в эксплуатацию дороги и социальные объекты
- Стало известно, сколько хлопка планируют собрать в Таджикистане в этом году
- «Экономический терроризм» против Ирана принесет США новые поражения: Арагчи
- В Таджикистане издана книга о развитии футбола