Бахшида ба 130-солагии Ҳофизи халқии Тоҷикистон Акашариф Ҷӯра конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 130-солагии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, устоди бузурги мусиқӣ Акашариф Ҷӯра таҳти унвони «Акашариф Ҷӯра ва масоили мубрами эҷодиёти
ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 130-солагии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, устоди бузурги мусиқӣ Акашариф Ҷӯра таҳти унвони «Акашариф Ҷӯра ва масоили мубрами эҷодиёти шеърӣ — мусиқии тоҷик: дирӯз ва имрӯз» конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз академия.
Иброз гардид, ки «санъати мусиқии тоҷик мисли шеъри оламгири он таърихи хеле бостонӣ дошта, дар ташаккул ва пешрафти ин сарвати бадеӣ-эстетикӣ саҳми устодони мусиқии касбию мардумӣ хеле бузург аст. Яке аз симоҳои барҷаста дар нигаҳдошту тарғиби анъанаҳои дерини эҷодию иҷроии шеърӣ — мусиқии халқӣ, мутриб, сароянда, офарандаи даҳҳо асарҳои мондагори мусиқӣ, дастаҳои тарона ва рақс Акашариф Ҷӯра мебошад».
Фаъолияти эҷодии бисёрҷанба, услуби хоси иҷрою тароватбахшу хотирмони Акашариф Ҷӯра на танҳо барои санъати иҷроии Тоҷикистон хос аст, балки сабки эҷоду иҷро, осори офаридаааш барои фазои васеи шунавандагони тоҷику мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Эрону Афғонистон низ пазиранда мебошанд. Санъати иҷроӣ, эҷодиёти мусиқии устод Акашариф Ҷӯра бо муассирияти бадеиаш ба як неруи муттаҳидкунанда дар фазои умумии бадеии тоҷик табдилёфта аст.
Таъкид шуд, ки Акашариф Ҷӯра чун мусаннифи сабки хоси эҷодӣ ба ашъори суханварони адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик сурудҳои зиёде эҷоду иҷро намудаи ӯ «Ироқи Дарвоз», «Роки Дарвоз» , «Мискин», «Ташниз», «Калъабандӣ», «Ба нозам», «Маҳбубаи ҷон», «Ҳавои зулф», «Ширинҷон», «Азизам», «Агар ба гулшан», «Мулки мо», «Садои булбул» ва ғайра ба асарҳои дӯстдоштаю мондании мардумӣ табдил ёфта, ин таснифот дар таърихи фарҳанги мусиқии садаи ХХ- тоҷик ҷойгоҳи хоса доранд.
Дар идома тазаккур дода шуд, ки «омӯзиш ва гиромидошти мероси гаронбаҳои Акашариф Ҷӯра ҳамчун яке аз симоҳои барҷастаи санъати мусиқии миллӣ на танҳо аҳамияти фарҳангӣ, балки арзиши баланди маънавию тарбиявӣ дорад. Дар сиёсати фарҳангии давлат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои мусиқии классикии тоҷик ва дастгирии муҳаққиқону аҳли эҷод таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад».
Дар конференсия олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ аҳамияти амиқи илмӣ ва фарҳангии омӯзиши мероси эҷодии Акашариф Ҷӯраро таъкид карданд.
Гуфта шуд, ки Акашариф Ҷӯра ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи санъати мусиқии тоҷик дар ташаккул ва такомули анъанаҳои иҷроии мусиқии классикӣ ва халқӣ саҳми назаррас гузошта, мактаби эҷодии ӯ то имрӯз дар раванди таълим ва фаъолияти ҳунарии наслҳои нави ҳофизон ва навозандагон таъсири босамар дорад. Дар ин замина, омӯзиши ҳамаҷонибаи осори ӯ на танҳо барои таърихи мусиқии тоҷик, балки барои дарки равандҳои умумии рушди фарҳанги миллӣ аҳаммияти бузург дорад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Читайте также
- Генерал Талаи-Ник: Иран дискредитировал высокомерные державы
- Вступительные испытания в российский вуз пройдут в Таджикистане
- На заседании второй сессии Маджлиси намояндагон одобрено инвестиционное соглашение
- Таджикистан вернул 380 женщин и детей из зон конфликта на Ближнем Востоке
- В аэропорту Душанбе изъяли поддельные автомобильные номера
- В Душанбе стартовал международный учебный курс МАГАТЭ по ядерной безопасности