Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Қирғизистон лоиҳаҳои «CASA-1000» ва «REMIT»-ро дар Бишкек баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Қирғизистон лоиҳаҳои «CASA-1000» ва «REMIT»-ро дар Бишкек баррасӣ намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Қирғизистон лоиҳаҳои «CASA-1000» ва «REMIT»-ро дар Бишкек баррасӣ намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар шаҳри Бишкек Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири навтаъини энергетикаи Ҷумҳурии Қирғизистон Алтинбек Рисбеков мулоқот намуда, сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Инчунин ҷонибҳо оид ба лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000», лоиҳаи «REMIT» -бозори минтақавии неруи барқ ва савдои барқ дар Осиёи Марказӣ, табодули таҷрибаи мутахассисон, истифодаи таҷрибаи Тоҷикистон дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар масъалаҳои соҳавӣ табодули афкор намуданд.
Мусоҳибон ҳамзамон аҳамияти таҳкими муносибатҳоро барои таъмини амнияти энергетикӣ, рушди бозори минтақавии неруи барқ ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи энергетикии давлатҳоро таъкид намуда, омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкории минбаъда изҳор доштанд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон