Туҳфаи нодири Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нусхаи нодири асари безаволи адабиёти тоҷику форс «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сатҳу сифати баланди полиграфӣ ва санъати муосири китобороӣ ба
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нусхаи нодири асари безаволи адабиёти тоҷику форс «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сатҳу сифати баланди полиграфӣ ва санъати муосири китобороӣ ба нашр расидаа ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо гардида буд, дар Осорхонаи миллӣ нигоҳдорӣ мешавад.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ин асари арзишманд бо ибтикори соҳибнашр Манучеҳри Фахрзод бо теъдоди маҳдуд — 12 нусха нашр гардидааст.
Бо назардошти таваҷҷуҳи пайваста ва саҳми назарраси Пешвои миллат дар ҳифз, рушди фарҳанг, таърих ва мероси адабии тоҷикон, инчунин эҳтироми хосса нисбат ба осори гаронбаҳои адибону мутафаккирони тоҷику форс, як нусхаи ин нашри нодир ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо гардид.
Китоб дорои андозаи 36×49 сантиметр буда, аз 1072 саҳифа иборат аст. Ороиши бадеии он намунаи барҷастаи санъати китобороии шарқӣ мебошад. Дар ҳошияҳои саҳифаҳо нақшу нигори ислимӣ ва унсурҳои зооморфӣ бо маҳорати баланд инъикос гардида, дар қисматҳои алоҳидаи китоб саҳнаҳо ва достонҳои «Шоҳнома» тавассути санъати миниётурнигорӣ тасвир шудаанд. Ин хусусиятҳо ба асар на танҳо арзиши адабӣ, балки аҳамияти баланди илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ мебахшанд.
Бо дастури Пешвои миллат ин туҳфаи нодир ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд. Айни замон китоб дар толори намоиши туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи талаботи осорхонавӣ дар гӯшаи махсус ба маърази тамошои шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ гузошта шудааст.
Ин нусха ҳамчун намунаи нодири мероси хаттӣ ва санъати волои китобороӣ арзиши бузурги фарҳангӣ дошта, барои омӯзиши таърихи китоб, санъати нусхапардозӣ ва мероси адабии халқҳои форсизабон аҳамияти хос дорад.
Ҳамаи дӯстдорони таърих, фарҳанг ва мероси хаттии миллат метавонанд барои шиносоии наздик бо ин ёдгории нодир ба Осорхонаи миллӣ ташриф оранд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон