Новости Таджикистана и Центральной Азии Наш канал в MAX

Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии

ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Ба ифтихори сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо Парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон оро ёфта, роҳрави сурх густурда шуд. Барои истиқболи меҳмони олиқадр сарбозони горди фахрӣ саф оростанд. Пас аз иҷрои сурудҳои миллии ду давлат, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо ҳайатҳои расмии ҷонибҳо шинос шуданд.

Имрӯз мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар қолабҳои маҳдуд ва васеъ баргузор гардида, маҷмуи санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.

Дар доираи сафари расмӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар назар аст.

Рӯзи дуюми сафар меҳмони олиқадр бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон боздид хоҳад намуд.

Инчунин иштироки Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ пешбинӣ шудааст.