ОГОҲӢ! Аз 19 то 22 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 22 июн дар баъзе минтақаҳои мамлакат омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти
ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 22 июн дар баъзе минтақаҳои мамлакат омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 19 ва 22 июн бо сабаби боридани борон дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар чунин шароити номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётӣ андешида, аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд. Ҳамчунин аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар наздикии соҳили дарёҳо ва мавзеъҳои хавфнок эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Сокинон қабл аз боридани борон бояд каналу ҷӯйбор ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна санг, хасу хошок тоза кунанд, то оби сел роҳи гузаштан дошта бошад ва ба ҳавлию қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ворид нашавад. Ба ронандагон маслиҳат дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтиёткор бошанд, суръати ҳаракатро паст намуда, аз таваққуф дар мавзеъҳои хавфи ярч ва сел худдорӣ намоянд.
Упомянуты
Читайте также
- Синоптики предупредили об угрозе локальных и гляциальных селей в Таджикистане
- Таджикистан и Корея обсудили развитие интеллектуального транспорта в Душанбе
- Заместитель главы МИД Ирана: безопасность Персидского залива должна обеспечиваться изнутри региона
- Шахритус удивил: в этом районе не зафиксировано ни одного случая хищения электроэнергии
- "Сомон Эйр" открывает новый рейс в Минск
- Сулаймон Зиёзода в Спитаменском районе оценил состояние хлопководства, садоводства и виноградарства