Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо фаъолияти кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи
ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо фаъолияти кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар медиҳад.
Сулаймон Зиёзода бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияҳо аз наздик шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки сокинони ин минтақа бештар картошка парвариш намуда, соли равон низ кишоварзон навъҳои серҳосили картошкаро ҷамъоварӣ намуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат ҳангоми шиносоӣ аз майдонҳои кишти зироати кишоварзӣ роҳбарияти ноҳияро таъкид кард, ки барои амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои баланд намудани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, самараноку оқилона истифода намудани ҳар қитъаи замин талош намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Упомянуты
Читайте также
- Эксперт: солнечные и ветряные станции могут разгрузить гидроэнергетику Таджикистана
- Родители и студенты смогут оформить кредиты в «Амонатбанке» на подготовку к учебному году
- В Туркестане страны Центральной Азии обсудили распределение воды и автоматизацию её учёта
- Синоптики предупредили об угрозе локальных и гляциальных селей в Таджикистане
- Состоялось 21-е заседание Координационного комитета по упрощению процедур торговли
- Таджикистан и Корея обсудили развитие интеллектуального транспорта в Душанбе