Муколамаи вазирони энергетика дар қолаби «Русия + Осиёи Марказӣ» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Вохӯрии 6-уми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек Муколамаи вазирони энергетика дар қолаби «Русия + Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Вохӯрии 6-уми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек Муколамаи вазирони энергетика дар қолаби «Русия + Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкории соҳавӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар бахши энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокдорон атрофи масъалаҳои таҳкими ҳамгироии энергетикӣ дар минтақа, таъмини амнияти энергетикӣ, рушди инфрасохтори энергетикӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштарак мубодилаи афкор анҷом доданд.
Ҳамчунин ба масъалаҳои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҷалби технологияҳои муосир ва густариши ҳамкории байниидоравӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Упомянуты
Читайте также
- Президент Ирана Пезешкиан отправится в Нью-Йорк на Генеральную Ассамблею ООН
- Взрывы на складе боеприпасов в Алеппо: четверо пострадавших
- В Пенджикенте открыли два новых медицинских пункта
- МВД Таджикистана предупредило об ответственности за ложную рекламу
- Заместитель министра иностранных дел Таджикистана выступила на Генеральной конференции МАГАТЭ в Вене
- Таджикистан завоевал восемь медалей на Кубке мира по самбо в Душанбе