Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон

ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми музокироти расмии Тоҷикистон ва Гурҷистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Санадҳои имзошуда инҳоянд; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи ҳисоби

ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми музокироти расмии Тоҷикистон ва Гурҷистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи аудити давлатии Гурҷистон;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба алоқаи ҳавоӣ;

Ёддошти тафоҳум миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи аудити давлатии Гурҷистон дар самти муқовимат бо коррупсия;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон дар бораи таъсиси Комиссияи миёниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи осебпазирӣ, арзёбии хавфҳо, мутобиқшавӣ ва кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи муҳити зист ва кишоварзии Гурҷистон;

Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

Протоколи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Гурҷистон;

Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи муҳити зист ва кишоварзии Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Гурҷистон дар соҳаи фарҳанг.

Читайте также