Истифодаи оқилонаи захираҳои обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ бо намояндагони СММ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои идоракунии устувори захираҳои об, рушди гидроэнергетика, ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти директори Институти масъалаҳои
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои идоракунии устувори захираҳои об, рушди гидроэнергетика, ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аминҷон Гулаҳмадзода бо намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология хабар медиҳад.
Дар мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, татбиқи роҳҳои аз ҷиҳати экологӣ асосноки рушди соҳаи гидроэнергетика, ҳифзи экосистемаҳои обӣ ва таҳкими амнияти экологӣ зоҳир гардид.
Аминҷон Гулаҳмадзода натиҷаҳои лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотии амалишаванда ва афзалиятҳои рушди минбаъдаро дар бахшҳои мухталифи обӣ, гидроэнергетика ва экологӣ муаррифӣ намуд.
Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид саҳми институтро дар таъмини илмии рушди устувори бахшҳои об, энергетика ва экологияи Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуда, омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ изҳор карданд.
Ҷонибҳо ба густариши ташаббусҳои муштараки илмӣ ва амалӣ, табодули таҷриба ва пешбурди қарорҳои инноватсионӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла об ва беҳдошт, энергияи дастрас ва тоза ва мубориза бо тағйирёбии иқлим изҳори ҳавасмандии муштарак намуданд.
АКС: Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Читайте также
- Генерал Талаи-Ник: Иран дискредитировал высокомерные державы
- Вступительные испытания в российский вуз пройдут в Таджикистане
- На заседании второй сессии Маджлиси намояндагон одобрено инвестиционное соглашение
- Таджикистан вернул 380 женщин и детей из зон конфликта на Ближнем Востоке
- В аэропорту Душанбе изъяли поддельные автомобильные номера
- В Душанбе стартовал международный учебный курс МАГАТЭ по ядерной безопасности