Густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва котиби ҳизбии Институти Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва котиби ҳизбии Институти Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Ван Лэй баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои ҳамкории илмӣ, таҳкими робитаҳои академӣ ва рушди таҳқиқоти муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории минбаъда байни муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таъкид намуданд.
Мусоҳибон масъалаҳои ташкили ҳамоишҳои байналмилалӣ, мубодилаи олимону муҳаққиқон, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва баргузор намудани экспедитсияҳои байналмилалии муштаракро бо иштироки олимони ҳар ду ҷониб муҳокима намуда, барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории илмӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Упомянуты
Читайте также
- 35-ЛЕТИЕ ГОСУДАРСТВЕННОЙ НЕЗАВИСИМОСТИ. В Душанбе построено и реконструировано более 6500 объектов
- Эксперт: солнечные и ветряные станции могут разгрузить гидроэнергетику Таджикистана
- Родители и студенты смогут оформить кредиты в «Амонатбанке» на подготовку к учебному году
- В Туркестане страны Центральной Азии обсудили распределение воды и автоматизацию её учёта
- Синоптики предупредили об угрозе локальных и гляциальных селей в Таджикистане
- Состоялось 21-е заседание Координационного комитета по упрощению процедур торговли