Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Мака Бочоришвилӣ доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуда, таваҷҷуҳи махсус ба дурнамои муколамаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ зоҳир гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба мавзуъҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуда, барои таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, ба хусус Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои соҳавии он изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстиву ҳусни тафоҳум баргузор шуда, ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Гурҷистон изҳори омодагӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоту музокироти байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе баргузор гардид. Пас аз анҷоми музокироти расмии Тоҷикистон ва Гурҷистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Читайте также
- Генерал Талаи-Ник: Иран дискредитировал высокомерные державы
- Вступительные испытания в российский вуз пройдут в Таджикистане
- На заседании второй сессии Маджлиси намояндагон одобрено инвестиционное соглашение
- Таджикистан вернул 380 женщин и детей из зон конфликта на Ближнем Востоке
- В аэропорту Душанбе изъяли поддельные автомобильные номера
- В Душанбе стартовал международный учебный курс МАГАТЭ по ядерной безопасности