Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди саноат» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли

ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/.   Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2022 вобаста ба  эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Азиз Гиёзода иброз намуд, ки  ​Ҳукумати Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё ва рушди саноат як қатор чораҳои заруриро андешидааст. Аз ҷумла, се ҳадафи стратегии миллӣ — истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ — заминаи асосии рушди саноат гардиданд. ​

Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии саноатикунонии босуръати мамлакат ин ташаккул додани соҳаи саноат ва дар асоси он ба сатҳи баланд бардоштани иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади амалинамоии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат 7 барнома ва консепсияи рушди соҳаҳои мухталифи саноат таҳия шуда, айни замон мавриди амал қарор доранд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Муҳамадулло Шерализода изҳор дошт, ки  талаботи имрӯзаи замон ва қонунгузории мо аз он иборат аст, ки Тоҷикистон бояд аз мамлакати содироткунандаи ашёи хом ба содироткунандаи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ табдил ёбад. Барои ин, ҳамоҳангии ҷиддии сохторҳои давлатӣ, рафъи монеаҳои сунъӣ барои фаъолият ва такмили заминаҳои ҳуқуқӣ зарур аст.

Дар ҷамъбаст аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парлумонӣ қабул карда шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читайте также