Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз пас аз анҷоми музокироти расмии Тоҷикистон ва Гурҷистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар» /. Имрӯз пас аз анҷоми музокироти расмии Тоҷикистон ва Гурҷистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳ ифзи муҳити зист ва кишоварзии Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи асосии Ёддошти тафоҳум фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамкории судманди тарафайн дар соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Дар доираи ин санад ҳамкорӣ дар самтҳои растанипарварӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотии муштарак ва такмили ихтисос, мубодилаи таҷриба байни мутахассисони соҳаи кишоварзии тарафайн, муҳофизати растаниҳо аз касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон, мубодилаи маълумоту иштирок дар конфронсҳо, машваратҳо ва намоишгоҳу ярмаркаҳо ба роҳ монда мешавад.
Инчунин дар назар аст, ки ҷонибҳо доир ба рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи эко-туризм ва агро-туризм низ ҳамкориро ба роҳ монанд.
Тибқи ин санад, мутобиқи қонунгузории миллии давлатҳои худ барои ташкил ва барқарор намудани равобит байни субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва захираҳои моддию техникӣ барои рушди соҳаи кишоварзии тарафайн шароити мусоид фароҳам меоранд.
Бо мақсади ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум гурӯҳҳои муштараки корӣ таъсис дода шуда, вохӯриҳо ва машваратҳои дуҷониба ташкил карда мешаванд.