Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон Созишнома ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид

Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон Созишнома ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз пас аз анҷоми мулоқоту музокироти байниҳукуматии Тоҷикистон ва Гурҷистон 11 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба

ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз пас аз анҷоми мулоқоту музокироти байниҳукуматии Тоҷикистон ва Гурҷистон 11 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии авиатсияи граждании Гурҷистон бо эътирофи муҳимияти ҳамлу нақли ҳавоӣ ҳамчун воситаи ташаккулу густариши дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ байни ду давлат ҷиҳати таҳкими имконот ва иқтидори нақлиёти ҳавоии байналмилалӣ Созишномаи ҳамкорӣ имзо намуданд.

Тибқи ин санад, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии авиатсияи граждании Гурҷистон дар самти фаъолияти тиҷоратӣ, таъиноти ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва иҷозатномадиҳӣ, бехатарии авиатсионӣ ва парвозҳо ҳамкорӣ менамоянд.

Созишномаи ҳамкорӣ аз 23 банд иборат буда, бо мақсади густариши ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон дар соҳаи алоқа таҳия, пешниҳод ва мувофиқа шудааст.

Дар доираи татбиқи ин санад, имконияти ташкили хатсайрҳои мустақими мунтазам байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Гурҷистон, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ, хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ ва сайёҳӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар доираи ин созишнома, ҷонибҳо метавонанд дар ҳар вақти зарурӣ барои гузаронидани машваратҳои соҳавӣ вобаста ба меъёрҳои бехатарии парвозҳо, ҳайати сарнишин, ҳавопаймоҳо ва баҳрабардории ҳавопаймоҳо, ки аз ҷониби тарафи аҳдкунандаи дигар тасдиқ гардидаанд, дархост ирсол намояд.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читайте также