Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нимсолаи дуюми соли 2026 оғози наворбардории филмҳои таърихии «Теғи Сино», «Борбади Марвазӣ», «Робиаи Балхӣ», «Фирдавсӣ» ва дигар лоиҳаҳои муҳими миллӣ дар назар аст. Дар ин хусус
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нимсолаи дуюми соли 2026 оғози наворбардории филмҳои таърихии «Теғи Сино», «Борбади Марвазӣ», «Робиаи Балхӣ», «Фирдавсӣ» ва дигар лоиҳаҳои муҳими миллӣ дар назар аст. Дар ин хусус 17 июн зимни баргузории ҷаласаи навбатии Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, солҳои 2023–2025 83 лоиҳаи синамоӣ, аз қабили филмҳои ҳунарӣ, мустанад, аниматсионӣ ва муштарак истеҳсол гардида, ҳамкории байналмилалӣ дар самти филмсозӣ густариш ёфтанд. Ҳамчунин кинотеатрҳои «Ватан» ва «Тоҳир Собиров» таҷдид шуда, Мактаби синамогарони ҷавон таъсис дода шуд ва як қатор донишҷӯён барои таҳсил ба муассисаҳои бонуфузи синамоии хориҷӣ фиристода шуданд.
Таъкид гардид, ки бо вуҷуди дастовардҳои бадастомада, масъалаҳои баланд бардоштани сифати филмҳо, рушди шабакаи кинотеатрҳо, рақамикунонии бойгонии кино, такмили низоми интихоби филмномаҳо ва омодасозии кадрҳои ҷавон аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳа боқӣ мемонанд.
Дар ҷараёни ҷаласа инчунин масъалаҳои иҷрои нақшаи амалҳои «Барномаи рушди кино барои соли 2026», баланд бардоштани сифату рақобатпазирии филмҳои ватанӣ, рушди шабакаи кинотеатрҳо ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба филмҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми ҷаласа пешниҳоди баргузории Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» ва Нақшаи кории Шуро барои нимсолаи дуюми соли 2026 баррасӣ гардида, барои рушди минбаъдаи кинематографияи миллӣ тавсияву пешниҳодҳои мушаххас пешниҳод шуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»