Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2026 баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа раванди иҷрои «Барномаи давлатии такмилу таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030», «Барномаи давлатии рушди соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» баррасӣ гардид.
Оид ба рафти татбиқи ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзовалӣ Сафармаҳмадзода ва сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Набиев рӯнамо пешниҳод гардид.
Дар доираи баррасии ҳуҷҷатҳои гуфташуда вобаста ба сари вақт иҷро намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои дахлдор, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории онҳо, сифати иҷрои корҳо, мониторингу арзёбии доимии онҳо ва дигар самтҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Аз натиҷаи баррасии масъалаҳо ва вазъи иҷрои ин ҳуҷҷатҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал ирсол мегардад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Читайте также
- Генерал Талаи-Ник: Иран дискредитировал высокомерные державы
- Вступительные испытания в российский вуз пройдут в Таджикистане
- На заседании второй сессии Маджлиси намояндагон одобрено инвестиционное соглашение
- Таджикистан вернул 380 женщин и детей из зон конфликта на Ближнем Востоке
- В аэропорту Душанбе изъяли поддельные автомобильные номера
- В Душанбе стартовал международный учебный курс МАГАТЭ по ядерной безопасности