Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ баргузор гардид, ки дар он Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ баргузор гардид, ки дар он Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар конфронс ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории байналмиллалӣ дар самти робитаҳои фарҳангӣ баррасӣ гардида, ба масъалаҳои ҳифзи мероси муштараки таърихӣ, тақвияти робитаҳои башардӯстона, тавсеаи муколамаи байнидавлатӣ ва таҳияи механизмҳои муосири ҳамкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Зимни суханронӣ Сарвазири кишвар иброз дошт, ки кишварҳои моро арзишҳову таърихи муштарак, эҳтироми мутақобила ва арҷ гузоштан ба анъанаҳои якдигар ба ҳам мепайванданд.
Гуфта шуд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар дарк мекунад, ки фарҳанг ва санъат на танҳо унсурҳои ҳаёти маънавӣ, балки воситаест барои рушди устувори иқтисодӣ ва муттаҳидии иҷтимоӣ. Аз ин рӯ, тақвияти робитаҳои мо дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба як вазифаи муҳим табдил меёбад.
Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ диққати махсус медиҳад. Бахши фарҳанг дар кишвари мо давраи рушди босуръатро аз сар мегузаронад.
Изҳор гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкорӣ дар ин самт бо дигар кишварҳо буда, ба муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек бо дигар давлатҳо афзалият медиҳад ва барои мубодилаи фарҳангӣ ҳамеша омодааст.