Роҳҳои ҳудуди деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ ба масофаи 15 километр мумфарш карда мешавад
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳҳои ҳудуди деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ ба масофаи 15 километр мумфарш карда мешаванд. Дар ин
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳҳои ҳудуди деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ ба масофаи 15 километр мумфарш карда мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Корҳои мумфаршкунӣ дар деҳаи Тосқалъа бо дастгирии сокинону соҳибкорони ватандӯст идома дошта, барои беҳтар гардидани шароити ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади сокинон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мумфаршкунии роҳ бо ҷалби техника ва мутахассисони ватанӣ мутобиқ ба талаботи муосир анҷом дода шуда, сокинони деҳа омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар дигар корҳои созандагию ободонӣ баён доштанд.
АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Упомянуты
Читайте также
- Брифинг о принятии резолюции Генеральной Ассамблеи ООН
- Встреча с министром промышленности и технологий Турции
- Встреча посла Таджикистана с главой МИД Кувейта
- Политические консультации между МИД Таджикистана и Бангладеш
- Встреча заместителя министра иностранных дел с главой МИД Бангладеш
- Встреча замглавы МИД Таджикистана с госминистром иностранных дел Бангладеш