Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
Дар иртибот ба нақши миёнҷигарии созандаи Давлати Қатар дар роҳи расидан ба созиши сулҳ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Шумо табрикоту таҳнияти самимии моро иброз менамоям.
Мо талошҳои пайвастаи Шуморо дар ҳалли ин масъалаи ҳассос баланд арзёбӣ мекунем. Бовар дорем, ки мувофиқаҳои дар ин замина ҳосилшуда барои таъмини сулҳи фарогир дар минтақаи Ховари Миёна, таҳкими низоми амнияти байналмилалӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва иқдомҳои нави сулҳомез дар ин ҷода заминаҳои устуворро фароҳам месозанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳалли ҳама ихтилофоту низоъҳо тавассути музокироту муколама, аз ин дастоварди муҳимми дипломатӣ сидқан истиқбол менамояд.
Бо таъкиди алоқамандии инҷониб ба пешбурди минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд миёни кишварҳоямон, ба Шумо саломатии бардавом ва комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсту бародари Қатар сулҳу субот, некуаҳволӣ ва шукуфоии пойдор орзумандам».
Упомянуты
Читайте также
- Аналитик: Ормузский пролив остается в центре противостояния США и Ирана
- «Тактика запугивания Трампа укрепляет решимость Ирана»
- Калибаф: Если меморандум с США не принесёт Ирану выгоды, нет причин соблюдать его
- Иран не планирует переговоры, сосредоточен на обороне: заявление МИД
- Дискурс сопротивления аятоллы Хаменеи обеспечил Ирану превосходство: экс-глава КСИР
- ЮНИСЕФ: 3,7 млн детей младше пяти лет в Афганистане столкнулись с риском недоедания