Новости Таджикистана и Центральной Азии Наш канал в MAX

Намоишгоҳи байналмилалии INTER HEALTH & BEAUTY TOJIKISTON-2026 имкониятҳои навро барои тиҷорат ва сармоягузорӣ фароҳам меорад

Намоишгоҳи байналмилалии INTER HEALTH & BEAUTY TOJIKISTON-2026 имкониятҳои навро барои тиҷорат ва сармоягузорӣ фароҳам меорад

ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намоишгоҳи байналмилалии INTER HEALTH & BEAUTY TOJIKISTON-2026 имкониятҳои навро барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, намоиши маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти робитаҳо байни истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони молҳои истеҳсолшуда ҳам

ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намоишгоҳи байналмилалии INTER HEALTH & BEAUTY TOJIKISTON-2026 имкониятҳои навро барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, намоиши маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти робитаҳо байни истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони молҳои истеҳсолшуда ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷа фароҳам меорад. Чунин иброз намуд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Амрулло Нурализода.

Хотиррасон мекунем, ки Намоишгоҳи байналмилалӣ тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар он ширкатҳо аз Тоҷикистон, Эрон, Қазоқистон, Покистон, Русия ва Узбекистон иштирок доранд.

Ба гуфтаи Амрулло Нурализода, дар доираи намоишгоҳ иштирокчиён вохӯриҳо, гуфтушунид гузаронида, мубодилаи таҷриба менамоянд.

«Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз соҳибкорони ватанӣ ва хориҷиро муттаҳид намуда, ба рушди робитаҳои тиҷоратӣ мусоидат менамояд. Яке аз ҷанбаҳои муҳими намоишгоҳи молҳо ва хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ ва зебоӣ таваҷҷуҳи афзоянда ба маҳсулоти тиббӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дар ҷаҳони муосир мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки аз имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, ба соҳибкорон имкон диҳем, ки фаъолияти худро дар ин самт рушд диҳанд, сармоягузорӣ ҷалб кунанд ва ба беҳтар намудани саломатии аҳолӣ ва рушди иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ саҳм гузоранд», -илова намуд мусоҳиби мо.

Амрулло Нурализода гуфт, ки имрӯз замоне расидааст, ки истеҳсолкунандагони ватанӣ барои ворид намудани маҳсулоти худ ба бозори ҷаҳонӣ ва ҷавобгӯ будан ба пешрафтҳои муосири илмӣ, технологияҳо ва талаботи сифат талош кунанд. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон низ дар ин самт фаъолона кор мекунад. Барои ҷалби сармоягузорӣ ва васеъ кардани ҳамкорӣ бо ширкатҳо ва шарикони хориҷӣ аллакай шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

«Дар назар аст, ки солҳои оянда намоишгоҳҳои шабеҳ дар вилояти Хатлон, ки минтақаи дорои таърихи ғанӣ, имкониятҳои назаррас ва имкониятҳои васеъ аст, баргузор шаванд. Чунин чорабиниҳо соҳибкорони маҳаллӣ, миллӣ ва байналмилалиро муттаҳид менамояд ва муаррифии васеътари маҳсулоти ватаниро таъмин мекунанд. Тавре Пешвои миллат таъкид мекунанд, ҳадафи асосӣ — рушди соҳибкорӣ ва дар амал тадбиқ кардани ҳадафҳои стратегӣ мебошад. Ҳадафи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардани натиҷаҳои мушаххас ва амалӣ мебошад», — илова намуд Амрулло Нурализода.

Ҳамсуҳбати мо баён намуд, ки чанд сол пеш шаҳрвандон маҷбур буданд баъзе хидматрасониҳо ва молҳои тиббиро дар хориҷа дастрас кунанд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ шароит фароҳам оварда шудааст, то сармоягузорони хориҷӣ барои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо ба Тоҷикистон оянд.

«Дар доираи ин чорабинӣ, созишномаҳои ҳамкорӣ байни соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла тавассути Палатаи савдо ва саноат баста мешаванд. Имрӯз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо ширкатҳои ватанӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ва Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, зебоӣ ва истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондаанд. Мо инчунин бо дигар ширкатҳо, бахусус бо шарикон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои нав, татбиқи технологияҳои муосир ва рушди истеҳсолот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунем. Ҳамаи ин барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди фаъолияти ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ дар ҷумҳурӣ равона шудааст. Яке аз натиҷаҳои ин созишномаҳо мубодилаи таҷриба ва таҳияи лоиҳаҳои муштарак бо ширкатҳои хориҷӣ мебошад», — таъкид кард директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон.