Доир ба рӯзгор ва осори Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим конференсияи илмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти Ҳофизи халқии Тоҷикистон, фалаксарои шаҳир Одина Ҳошим таҳти унвони «Рӯзгор ва осори устод Одина
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти Ҳофизи халқии Тоҷикистон, фалаксарои шаҳир Одина Ҳошим таҳти унвони «Рӯзгор ва осори устод Одина Ҳошим» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Зимни конференсия иброз гардид, ки дар даврони истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо иқдоми нек ва ташаббусҳои арзишманди таърихии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду соҳаи илму фарҳанг ва маориф ғамхорӣ ва дастгирии беназир зоҳир мегардад.
Устод Одина Ҳошим аз зумраи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангу ҳунари миллӣ маҳсуб ёфта, бо овози дилнишин, истеъдоди нотакрор ва хизматҳои арзандааш дар рушди санъати фалак ҷойгоҳи хос касб намудааст.
Одина Ҳошим ҳамчун офарандаи зиёда аз дусад оҳанги нодир бар ашъори классикони адабиёти тоҷику форс ва шоирони муосир, ҳам дар байни мардум ва ҳам дар байни аҳли илму адаб аз обрӯву нуфузи баланд бархӯрдор буд. Ӯ бо шоирону олимон, ходимони илму маориф дӯстии наздик дошт, дар маҳфилҳои аҳли адаб чароғи маҷлис буд ва дар баҳсҳои ирфонӣ дар радифи муҳаққиқони назму наво бо дониши комил иштирок мекард.
Таъкид шуд, ки мероси эҷодии ин ҳунарманди мардумӣ ҳамчун ганҷинаи бебаҳои фарҳанги миллӣ барои наслҳои имрӯзу оянда хизмат намуда, омӯзиш, ҳифз ва муаррифии он вазифаи муҳими аҳли фарҳанг ва ҷомеаи мамлакат ба шумор меравад.
Дар ҳамоиш китоби «Нобиғаи аср», ки аз ҷониби кормандони шуъбаи санъатшиносии академия таҳия ва нашр шуд, муаррифӣ гардид. Китоб фарогири очерки тарҷумаиҳолӣ, таҳқиқи оҳангҳо ва маҷмуаи нотаҳои эҷоднамудаи устод Одина Ҳошимов мебошад.
Дар фарҷоми конфронс шогирдон ва фарзандони Одина Ҳошим намунаҳо аз осори мусиқии ӯро иҷро намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Читайте также
- Генерал Талаи-Ник: Иран дискредитировал высокомерные державы
- Вступительные испытания в российский вуз пройдут в Таджикистане
- На заседании второй сессии Маджлиси намояндагон одобрено инвестиционное соглашение
- Таджикистан вернул 380 женщин и детей из зон конфликта на Ближнем Востоке
- В аэропорту Душанбе изъяли поддельные автомобильные номера
- В Душанбе стартовал международный учебный курс МАГАТЭ по ядерной безопасности