Дар Тошканд вохӯрии дуюми масъулини аршади Саммити «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» доир гардид
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн дар шаҳри Тошканд вохӯрии дуюми масъулини аршад барои омодагӣ ба нахустин Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистонро
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн дар шаҳри Тошканд вохӯрии дуюми масъулини аршад барои омодагӣ ба нахустин Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷии мамлакат Идибек Қаландар роҳбарӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба мавзуъҳои гуногуни тадорукотӣ ва мундариҷавии нахустин Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» табодули афкори намуданд.
Дар ҳошияи вохӯрӣ муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея хонум Ий Ҳэ Сисилиа Чон мулоқот намуд.
Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Кореяро баррасӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Упомянуты
Читайте также
- Пезешкиан раскритиковал риторику Трампа, заявив, что оскорбления характеризуют их авторов, а не Иран
- В Таджикистане подтвердили сейсмостойкость новых высоток на фоне выявленных строительных нарушений
- Рахмон недоволен устаревшими методами собраний, грубостью и взяточничеством сотрудников юстиции
- В Таджикистане приняли меры для сохранения популяции диких животных
- Иран начал репатриацию 55 рыбаков, задержанных ОАЭ из-за сбоев GPS
- Контрабанда наркотиков: какие ведомства сколько изъяли?