Дар шаҳри Душанбе масъалаи воридсозии зеҳни сунъӣ ба таҳсилоти умумӣ баррасӣ шуд

Дар шаҳри Душанбе масъалаи воридсозии зеҳни сунъӣ ба таҳсилоти умумӣ баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои рақамикунонии соҳаи маориф (ГТЛРСМ/ETSC) дар доираи

ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои рақамикунонии соҳаи маориф (ГТЛРСМ/ETSC) дар доираи ташаббуси «Технологияҳо барои рушди таҳсилот» (Tech4Ed) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Дар доираи ҷаласа натиҷаҳои таҳқиқоти Самти 4-и ташаббуси Tech4Ed оид ба таҳияи барномаи таълимии «Асосҳои зеҳни сунъӣ» барои синфҳои 5–11 муаррифӣ шуданд. Коршиносони байналмилалӣ ва миллӣ натиҷаҳои омӯзиш, таҷрибаи байналмилалӣ, вазъи кунунии таълими зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои имконпазири ҳамгироии он ба низоми таҳсилоти умумиро баррасӣ намуданд.

Инчунин масъалаҳои марбут ба омодасозии омӯзгорон, таҳияи маводи таълимӣ бо забони тоҷикӣ, таъмини дастрасии баробар барои муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот, истифодаи масъулиятнок ва бехатари технологияҳои рақамӣ, инчунин ташаккули сиёсати миллӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбари Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои рақамикунонии соҳаи маориф, директори Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ Комрон Муҳаммадраҷабзода иброз намуд, ки воридсозии зеҳни сунъӣ ба соҳаи маориф бояд бо назардошти имкониятҳои воқеии муассисаҳои таълимӣ, омодагии омӯзгорон ва афзалиятҳои миллӣ ба таври марҳилавӣ амалӣ карда шавад.

Дар анҷоми ҷаласа иштирокчиён вобаста ба қадамҳои минбаъда, аз ҷумла таҳияи ҳадафҳои миллӣ оид ба омӯзиши зеҳни сунъӣ, такмили барномаҳои таълимӣ, рушди иқтидори омӯзгорон ва ба роҳ мондани татбиқи пилотии барномаи таълимӣ табодули афкор намуданд.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читайте также