Дар ноҳияи Фирдавсӣ барои фаъолони ҳизб машғулияти омӯзишӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои муовинони раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кормандони масъули ҳизбӣ ва гурӯҳҳои таблиғотии
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои муовинони раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кормандони масъули ҳизбӣ ва гурӯҳҳои таблиғотии ноҳия машғулияти омӯзишӣ баргузор карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд, дар кори машғулият роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ, собиқадорони ҳизбу меҳнат, намояндагони доираҳои илмӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Ҷурабек Муродзода иброз дошт, ки ҳадафи баргузории машғулият татбиқи муқаррароти Оинномаи ҳизб, баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва малакаи касбии кормандони масъули ҳизбӣ, муовинони раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва гурӯҳҳои таблиғотӣ, тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, таҳкими фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ, инчунин шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳои ба Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ воридшуда мебошад.
Дар идома иштирокдорон дар мавзуъҳои «Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Танзими ҳуҷҷатнигорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва истифодаи низомномаҳои ҳизб дар фаъолияти онҳо», «Оинномаи ҳизб дар меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ» ва «Роҳу усулҳои муосири таблиғотиву ташвиқотӣ дар фаъолияти ҳизбӣ» маъруза намуданд.
Дар анҷоми машғулият мубодилаи афкор анҷом дода шуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ