Дар доираи лоиҳаи идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ба Агентии обуҳавошиносӣ таҷҳизоти муосир дастрас карда шуд
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ» ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи таҷҳизоти саҳроӣ,
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ» ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи таҷҳизоти саҳроӣ, мониторингӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва геодезӣ, инчунин як мошини барфгард ва мошини хизматӣ дастрас карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар маросими супоридани таҷҳизоти мусоир намояндагони Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон, Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) иштирок намуданд.
Таҷҳизот барои таҳкими иқтидори техникӣ, такмили низоми мушоҳида ва ҷамъоварии маълумот, инчунин баланд бардоштани самаранокии корҳои мониторинги пиряхҳо, захираҳои обӣ ва равандҳои обуҳавошиносӣ мусоидат хоҳанд намуд. Ин иқдом қадами муҳим дар роҳи рушди низоми миллии мониторинги пиряхҳо, таҳкими амнияти обӣ ва татбиқи тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар самти мониторинги иқлим, омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо сол то сол густариш меёбанд. Бонки Осиёии рушд ҳамчун яке аз шарикони асосии рушд аз татбиқи лоиҳаҳои муҳими соҳавӣ барои таҳкими иқтидори техникӣ, рушди низоми мониторинги пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон дастгирии доимӣ менамояд.
Дар идомаи ин ҳамкорӣ намояндагони Бонки Осиёии рушд ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, ҷараёни татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ», натиҷаҳои бадастомада ва нақшаҳои минбаъдаи амалисозии онро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба иҷрои нишондиҳандаҳои лоиҳа, нақшаҳои молиявӣ ва харид, татбиқи нишондиҳандаҳои гендерӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳими амалисозии лоиҳа муҳокима гардиданд.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Читайте также
- Генерал Талаи-Ник: Иран дискредитировал высокомерные державы
- Вступительные испытания в российский вуз пройдут в Таджикистане
- На заседании второй сессии Маджлиси намояндагон одобрено инвестиционное соглашение
- Таджикистан вернул 380 женщин и детей из зон конфликта на Ближнем Востоке
- В аэропорту Душанбе изъяли поддельные автомобильные номера
- В Душанбе стартовал международный учебный курс МАГАТЭ по ядерной безопасности