Ҷалби сармоягузории Озарбойҷон ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар доираи ҷаласаҳои солонаи Бонки исломии рушд вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Вазири
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар доираи ҷаласаҳои солонаи Бонки исломии рушд вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Микаил Ҷабборов баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориро дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду мамлакат, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, бахусус дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, инчунин ҷалби сармоягузории Озарбойҷон ба иқтисодиёти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак изҳор намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Читайте также
- Генерал Талаи-Ник: Иран дискредитировал высокомерные державы
- Вступительные испытания в российский вуз пройдут в Таджикистане
- На заседании второй сессии Маджлиси намояндагон одобрено инвестиционное соглашение
- Таджикистан вернул 380 женщин и детей из зон конфликта на Ближнем Востоке
- В аэропорту Душанбе изъяли поддельные автомобильные номера
- В Душанбе стартовал международный учебный курс МАГАТЭ по ядерной безопасности