Гуфтор дар бораи варзиш
Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). - Чанде пеш бо ибтикори Созмони ҷамъиятии «Парастор» ва дастгирии Сафорати ИМА дар ҶТ дар Гӯшаи Амрикои Китобхонаи миллӣ вохӯрӣ бо хатмкунандагони барномаҳои амрикоӣ дар мавзӯи «Афзун намудани имконоти духтарон барои иштироки баробарҳуқуқи онҳо дар варзиш» баргузор гардид.
Дар ин бора аз Созмони ҷамъиятии «Парастор» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба хабари манбаъ, иштирокдорони вохӯрӣ бо гузориши раиси Созмони ҷамъиятии «Маркази тадқиқоти гендерӣ» София Қосимова ошноӣ пайдо карданд. София Қосимова зимни суханрониаш аз натоиҷи тадқиқот таҳти унвони «Имконот ва монеаҳои рушди варзиши занона дар Тоҷикистон ва афзун намудани имконоти духтарон барои иштироки баробарҳуқуқи онҳо дар варзиш» гузориш дод.
Дар анҷоми вохӯрӣ хатмкунандаи барномаҳои Сафорати ИМА дар ҶТ, раиси Созмони ҷамъиятии «Парастор» Раъно Қосимова лоиҳаи нави худро таҳти унвони «Эҳтиёт нисфи ҳаёт», ки мақсад аз он иштироки фаъолонаи духтарон дар варзиш ва тарғиби тарзи солими зиндагист, муаррифӣ кард.
Читайте также
- Таджикистан намерен сократить выбросы парниковых газов на 40% к 2035 году
- В Таджикистане обсудили реализацию инвестпроектов при поддержке АБР
- Эмомали Рахмон дистанционно открыл восемь объектов в Согдийской области
- Таджикистан планирует сократить выбросы парниковых газов на 15–40% к 2035 году
- Таджикистану предсказали рост зависимости от трудовой миграции
- В Душанбе обсудили доступ к правосудию и защиту прав человека